Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторонро ҳамеша дар мадди назари худ қарор додаст ва бо ин васила мекушад барои ноил шудан ба зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар кўмак расонад.

Бо ҳамин мақсаду маром дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнгирии иди муққаддас 23 –солагии Рўзи ваҳдати миллӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҳолу аҳволи истиқоматкунандаи маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд М.Сайфуллоева дидан намуданд.

Ба аёдатшаванда маводҳои озуқаворӣ дастрас карда шуд.