Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Хуҷанд чорабинии адабӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсуфова, директори муассисаиа мазкур Роҳатҷон Мавлянова, устодон ва хонандагони ин боргоҳи илму дониш иштирок доштанд.

Хонандагон бо барномаи омода намудаи хеш бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, аз таърихи пайдоиш, бобҳои он маълумоти мукаммал пешниҳод намдунад ва  инчунин шеъру сурудҳо дар васфи Ватану Тоҷикистони соҳибистиқлол қироат намуданд.  Сипас, Назокат Юсуфова аз номи  кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд ҳозиринро бо фарорасии ин рӯйдоди муҳими  таърихӣ табрик намуда, қайд кард, ки эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро дар ҳаёт амалӣ созем.

Ҳамзамон дар фарҷоми чорабинӣ якчанд омӯзгорони фаъол бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда шуданд.