Ба ифтихори 70 - солагии табиби Маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд Каримҷон Сангинов дар толори Марказ чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Сарвари Марказ Адиба Мамадова чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти кории табиб Каримҷон Сангинов маърӯза намуд.

Сипас, аз ҷониби меҳмонон ва пайвандони номбурда вобаста ба хислатҳои наҷиб ва кору пайкори соҳибҷашн андешаронӣ карда шуд.

Аз ҷумла намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов дар чорабинии мазкур ширкат варзида, номаи табрикотии кумиҷроияро ба соҳибҷашн расонид.