Бахшида ба пешвози 29 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мушовири раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маликисломӣ Насим Мунаввар, барқароркунандагони сохти Конститутсионӣ  ва фаъолони ҳизб иштирок доштанд.

Муовини раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки Конститутсия аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.     

Сипас, Маликисломӣ Насим Мунаввар аз номи кумиҷроияи вилоятӣ ҳозиринро  бо ин санаи таърихӣ шодбош гуфта, афзуд, ки воқеан Конститутсия ҳамчун шиносномаи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба шумор меравад. Онро санади тақдирсоз ва муқаддас ном мебаранд, ки бешубҳа ва комилан дуруст аст. Маҳз ин китоби мукаммали дастурӣ чун чароғи фурӯзоне барои ояндаи миллат хизмат карда, ба роҳи рушди давлати соҳибистиқлоламон — Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ҳар сатру сутуни навиштаҳои он мазмуни шоҳонаро доро буда, садсолаҳо пояндагӣ ва роҳи рушду нумӯи кишварро мунаввар месозад.

Ҳамчунин устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” Фаррухҷон Ҳамроқулов  дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба якчанд нафар аъзоҳои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Сипари сулҳ” Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.