НОМАИ

муборакбодии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон



 

  Муҳтарам аъзоён, фаъолон ва ва алоқамандони ҲХДТ!

  Ҳамватанони азиз!

     Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллц – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». 

      Таърихшиносону муҳаққиқон бар онанд, ки ниёгони барӯманди мо ҳеҷ гоҳ нисбати тақдиру сарнавишти худ, ҳуқуқу озодиҳои инсон бетараф набуданд.  Аввалин Конститутсия ё худ эъломияро онҳо офаридаанд ва муаллифи эъломияи нахустин оид ба ҳуқуқи башар намояндаи сулолаи Ҳахоманишиён Куруши Кабир аст.

     Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршараферо тай намуда, дар худ беҳтарин принсипҳои ҷомеаи демократц, ҳуқуқбунёд ва дунявиро таҷассум кардааст. Ҳамчун муқаддасоти миллц дар радифи Суруди миллц ва Парчаму Нишони давлатц кишвари соҳибистиқлоламонро дар арсаи олам муаррифц менамояд.

     Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994-ум барои кулли тоҷикону тоҷикистониён санаи таърихиву тақдирсоз буд. Дар ҳамин рӯзи саиду фархунда, аввалин бор дар давраи соҳибистиқлолц, бо роҳи раъйпурсии умумихалқц Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки халқи сарбаланди диёр соли равон 25-солагии қабули онро ҷашн мегирад.

     Басо рамзист, ки ҷашни 25-солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 25-солагии ҳизби маҳбуби мо ҳамрадиф омад ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон шукӯҳу шаҳомати хосса дорад. Дар арафаи фаро расидани ин ҷашни саид доир гардидани мулоқоти таърихии Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олц Эмомалц Раҳмон бо кормандони соҳаи иттифоқи касаба ва конференсияи навбатии ҳисоботц – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд рӯҳияи идонаи аҳли ҷомеа, аз ҷумла аъзоёну алоқамандони ҲХДТ – ро  дуболо намуд.

     Дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имруз, 5 маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, зарурати қабули конститутсияи нав баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатии кишвар ба миён омад. Дар баробари ин дигаргуниҳои хеле ҷиддии олами муосир тақозо мекард, ки санади тозае барои давлати соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардад.

      Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дорад. Меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд ва ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалц комилан ҷавобгӯ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи даҳ конститутсияи демократитарини кишварҳои ҷаҳон эътироф шуда, ба он се маротиба (солҳои 1999, 2003 ва 2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқц тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

     Таҳия ва тариқи раъйпурсии умумихалқц қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан се маротиба ворид намудани тащйиру иловаҳо ба он, чуноне болотар таъкид шуд,  зарурати таърихц буда, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагор ба ҳисоб меравад. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои  инсонро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ намуд.

     Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забони давлатц, касбу ҳунарҳои мардумц, расму оинҳо дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шудааст. Таъмини низоми одилона ва устуворро дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ  маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ, бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст.

     Хулоса Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда,  ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст.

     Имрӯзҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олц Эмомалц Раҳмон, таҳти сарварии Раиси вилояти иСущд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода дар маркази вилоят ҷиҳати бо армущони арзандаи меҳнатц истиқбол гирифтани Ҷашни 25 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкорию созандагц авҷи тоза дорад. Боиси ифтихор аст, ки дар радифи дигар аъзои ҷомеа аъзоёну фаъолон ва алоқамандони ҲХДТ ҳам иқдомҳои ватандӯстонаро рӯи кор меоранд ва тамоми кӯшишу щайраташонро ба саҳмгузорц дар ободонии диёр равона сохтаанд.

     Бо истифода аз фурсат фаро расидани ин рӯзи фархундаву саидро аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва шахсан аз номи худ ба кулли ҳамватанони азиз муборакбод гуфта, барояшон хонаободиву сарбаландц таманно менамоям.

     Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Бахтномаи миллати сарбаланди мост, роҳнамои ҷовидонии аҳли ҷомеа ба сӯи қуллаи бахту саодат бошад!