Дар пешбурди фаъолияти ҳизбц матбуот мавқеи муҳим дорад. Боиси хурсандист, ки дар радифи нашрияҳои ҷумҳуриявии «Минбари халқ», вилоятии «Сухани халқ» нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд «Шафақ» ҳам дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла устодону донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олц ва миёнаи махсуси касбӣ маҳбубияти бештар пайдо мекунад. Сол то сол зиёд шудани шумораи муштариёну хонандагони нашрияҳои ҳизбии мазкур далели ин гуфтаҳост.

Боиси хурсандист, ки дар арафаи фарорасии соли нави хониш, Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ аъзоёни кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон», ки устодону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро сарҷамъ сохтааст, меъёри обуна ба нашрияҳои ҳизбиро пурра иҷро намуданд.

Итминон дорем, ки ин гуна пешсафц дар дигар макотиби таҳсилоти олц низ пайравони худро пайдо менамояд.