Санаи 1 марти соли 2015 рӯзи аввали фасли баҳор маъракаи сиёсӣ- интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид. Ин маъракаи мӯҳими сиёсӣ дар шаҳри Хуҷанд аз субҳи содиқ бо як мутташаккилӣ ва рӯҳияи некбинона оғоз шуда, мардум гурӯҳ-гурӯҳ бо чеҳраҳои болида ба участкаҳои интихоботӣ омада райъи худро барои номзадҳои арзанда доданд. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ ҷавононе, ки бори нахуст дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок карданд ва пиронсолони хирадманд бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Фазои ҳамаи участкаҳои интихоботӣ орому бо субот буд.