Маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида истодааст.

Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳии гурӯҳи корӣ, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шомиланд, рӯзи гузашта сокини кумитаи маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд, истиқоматкунандаи кӯчаи Танбурӣ, Осимӣ М. ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб карда шуд.