Дар ташкилоти ибтидоии “Хоразмӣ”-и назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии Бобоҷон Ғафуров Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ дар бораи таърихи қабули Парчам, раванди парчамдории тоҷикон филм ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”шеърҳо қироат гардид.

Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” давоми ҳафтаи равон силсилаи чорабинӣ ва конфронсу барномаҳои фарҳангӣ ташкил гардид.