Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистон, аз оғўши кўҳсорон ва водиҳои сарсабзу хуррам, аз ҳар дару девори сарзамини мо навиди ҷашни фархундаву шукўҳманди Наврўз ба гўш мерасад. Навои рўҳпарвару тарабангези Наврўз бо навои дарёҳову чашмаҳои хурўшон, бо табиати эҳёшуда, бо таърихи пурифтихор, адабу фарҳанги пурғановат ва ҳаёти пурхурӯши мо ҳамсадо гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дуруд мегӯяд.

Бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯзи Аҷам дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии Наврӯзӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати иди «Наврӯзи Аҷам» табрику муборакбод намуд.

Дар чорабинӣ баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи консертӣ намоиш дода шуд.