Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон як ҷашни таърихӣ, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар таърихи ҳар миллату давлат воқеаҳо ва рӯйдодҳое ҳастанд, ки омӯзишу баррасии онҳо барои имрӯзиёну ояндагон чун панде хизмат карда, дар шинохти асолати миллӣ, баҳамоиву худогоҳӣ сарчашмаи боэътимод ба шумор мераванд. Аз ин рӯ дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ-Парчами давлатӣ низ барои мардум муқаддас аст.

Санаи 21 ноябри соли 2022 бахшида ба ин санаи таърихӣ дар ташкилоти ибтидоии “Меҳрафрӯз”-и Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар шањри Хуљанд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева иштирок намуда, дар суханронии худ қайд намуд, ки Парчам мавқеъ ва нақши хосаи худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмиллалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Аз ин рӯ Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ роҳнамоӣ менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба 25 нафар шахсони арзанда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ,  ба 3 нафар аъзоёни фаъоли ҳизб бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои кумиҷроия дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.