«Агар зан ҳамаи чизро дошта, имконияти интихоби озодро надошта бошад, барои ӯ дороияш ночиз ва ҳаёташ хушунатбор менамояд»- гуфтааст файласуф Ҷудит Батлер.

Имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии мо аз рӯи дастуру барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш рафта, баҳри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва зиндагии шоиста мардуми кишвар талош меварзанд.

Камина Шарифова Саёҳат ҳастам. Аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Расиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар самти тадбиқи сиёсати гендерӣ бо назардошти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани шароити оилавӣ корҳои судмандро ба анҷом мерасонад.

ҲХДТ оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ва арзиши муқаддас эътироф намуда, оиларо пояи миллат ва ячейкаи асосии ҷамъият меҳисобад.

Камина барои хушунати оилавӣ ариза ирсол намудам. Дар муддати хеле кӯтоҳ аризаи ман аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд   мавриди ҳаллу баррасӣ қарор гирифт.

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва пойдории оила ва рушди он дар назди шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маҳфили «Муросо» амал мекунад ва ин маҳфил тавонист бо аъзоёни худ ба хонадони ман нуру сафо, меҳру муҳаббат ато намояд.

Аз дастгирии ва маслиҳатҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маликисломӣ Наим Мунаввар, ки дар ҳалли муаммои сарбастаи оилавиам кумак расониданд миннатпазирам. Бори дигар худ собит сохтам, ки ҲХДТ пуштибону ғамхори мо модарон аст.