Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, якҷоя бо Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи варзишгарон ва 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусобиқаи  шаҳри  Хуҷанд оид ба шашка байни шахсони қувваи босираашон суст ва нобино ташкил ва баргузор гардид. 

Мусобиқа дар толори Маркази иҷтимоӣ-тавонбахшии  “Иттиҳоди миллии нобиноёни Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар мусобиқа зиёда аз 40  нафар шахсони қувваи босираашон суст байни ҳам рақобат намуданд.

Тибқи низомнома мусобиқа ба таврӣ олимпӣ байни мардон, занон ва наврасон гузаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ, тарғибу ташвиқи шашкаи русӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маъюб ва қувваи босираашон суст ба ҳисоб меравад.

Дар маросими ҷамбастии мусобиқа муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Хайрулло ва раиси Кумитаи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр иштирок ва суханрони намуда, табрикоти Раиси шаҳри Хуҷандро  ба самъи ҳозирин расонид. 

 Дар натиҷа байни мардон сазовори ҷои якум Мирбобоев Абдулло, ҷои дуюм Дўстматов Дўстмуҳаммад ва ҷои сеюм Мунавваров Анвар сазовор гардиданд.

Байни занон сазовори ҷои якум Мунавварова Лутфӣ, ҷои дуюм Мунавварова Зебо ва сазовори ҷои сеюм Мӯъминова Марҳабо ғолиб дониста шуданд.

Дар мусобиқа байни наврасдухтарон ҷои якум Ярматова Азиза,  ҷои дуюм Қурбонова Фарзона ва сазовори ҷои сеюм Ҷӯраева Шаҳризода дониса шуданд.

Байни наврасписарон сазовори ҷои якум Акбарқулов Ислом, ҷои дуюм Икромов Ислом ва ҷои сеюм Орипов Расулҷон  гардиданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ифтихорнома, медал ва тўҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд