Аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Содиқони Ватан” барпо гардид.

Дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва аъзоёни ҳизб иштирок доштанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Муқим Қобилов  маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти  ташкилоти ибтидоии “Содиқони Ватан” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъда пешниҳод кард.

Дар рафти маҷлис яке аз аъзои фаъоли ҳизб ба музокира баромада, якчанд пешниҳоду дарсхостҳо қабул карда шуд, ки он пешниҳодҳо саривақтӣ буда, аз тарафи раёсат низ дастгирӣ гардид ва барои амалишавии  он  дар оянда чораҳои зарурӣ дида мешавад.

Аз ҷониби иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои дигари дар рӯзнома пешбинишуда мавриди муҳокима қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид

Бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ хуб арзёбӣ гардида, ба кори худ хотима бахшид.