Имрӯз дар  Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд доир ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар вохӯрӣ  доир гардид ва дар он оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки Паёми Сарвари давлат бозгӯи вазъи воқеии ҷумҳурӣ буда, он самтҳои асосии фаъолиятро дар бахши сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат равшан ифода мекунад.

Инчунин доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки Парлумони мамлакат қабул кардааст ва масъалаҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакат табодули назар сурат гирифт.