ҶАШН МУБОРАК ХУҶАНДИ БОСТОН!

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд кулли сокинони шаҳри Хуҷандро ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрику таҳниятҳо мегӯяд. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо бемайлон рушд намуда истодааст. Яке аз ҳадафҳои асосии таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд низ таҳким бахшидан ба тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи таърихи бою рангини кишвари маҳбубамон аст, зеро ватандорию ифтихори миллӣ маҳз  аз омӯзиши фарҳанги диёрамон ибтидо мегирад.

Барои мо ва кулли аъзо ва пайравони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мӯҷиби саодат ва ифтихор аст, ки чанде пеш дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ- 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуҷанд ба ҷоизаи баланди шаҳри беҳтарин  ноил гардид.

Шарафёб шудан ба чунин нишондоди баланд миёни чандин шаҳррҳои ободии кишвар худ далели собитқадамӣ, масъулиятнокӣ, меҳнатдӯстиву меҳандӯстии мардуми шарифи шаҳр маҳсуб мешавад.

Сокинони шаҳри Хуҷанд аз қадимулайём чун меросбарони таъриху тамаддуни бойи тоҷикон махсуб шуда, макони парваришгоҳи чандин нобиғагони ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, имрӯз бори дигар дар назди таърих исбот намуд, ки ин унвони баланди шаҳрдориву шаҳрнишиниро аз даст надодааст ва дар оростани қасри пурмӯҳташами Истиқлолияти давлатӣ чун яке аз шаҳсутунҳо ба хоҷагии халқ хизмат менамояд.

Солҳои охир шаҳр ба шарофати сиёсати маънавибунёди Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, тадбирҳои саривақтии Раиси шаҳр мӯҳтарам Шарифзода Шариф Файз ва сокинони ваҳдатобод ба худ симои зеборо гирифта, кӯчаву хиёбонҳо сабзкориву гулпошӣ гардидаанд. Қомат афрохтани чандин иншоотҳои замонавӣ ба ҳусни шаҳр зебогии дигаре зам намуда, халқи заҳматписанд паи меҳнати ҳалолу суботкорона мебошад.

Боиси хушнудист, ки ҳизбиёни шаҳр чун ҳамешагӣ паҳлӯ ба паҳлӯи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр истода дар пешрафт ва ободии шаҳри азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин лаҳзаҳои хушнудӣ аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти шаҳр даъват ба амал меоварем,  ки  аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда содиқонаву софдилона кор намоем. Орзуманди онем, ки дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон, хосса Хуҷандиён оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикрӣ ҳамеша фурӯзон бошад. Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони шаҳрамон гардад.

Рӯзи шаҳри Хуҷанд муборак бошад

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд