Шӯъбаи кор бо ҷавонон ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»- кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти солонаи худро дар ҳузури беш аз 100 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр натиҷагирӣ кард. Дар кори  ҷаласа ҳамчунин муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва роҳбарии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Фирдавс Ҳоҷиев ширкат доштанд.

Фирдавс Саидов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳрӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи фаъолияти яксолаинаи кори шӯъба назди ҳозирин ҳисбот дод. Ӯ дар гузоришаш аз ҷумла зикр дошт, ки теъдоди аъзо аз  хисоби  чавонон афзуда, айни ҳол он ба 8184 нафар расонида шуд. Соли 2016 бо иқдоми кумиҷроия баргузории наздик ба 100 чорабиниҳои мухталифи сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва варзишӣ дар миқёси шаҳр худ гувоҳи он аст, ки ҷавонон дар ҳама соҳаҳо фаъоланд. Аз ҷумла баргузории чорабиниҳои «Ҳомиёни Ватан», «Сарбоз аз нигоҳи тифлон», «Гулбоғи зиндагӣ», вохӯриҳои дар қисми низомии 3501, гарнизони ҳарбии Суғд, муассисаҳои олии кишвар, аёдати шахсони яккаву танҳо, доир намудани чорабиниҳои варзишӣ аз қабили футбол, теннис, шашка, шохмот ва велосипедронӣ нақш ва мақоми ҷавононро дар ҷамъият боло бурд. Бояд гуфт, ки ин ҳама чорабиниҳо бо иқдоми бевоситаи роҳбари кумитаи иҷроияи ҳизб дар шахси Маликисломӣ Наим Мунаввар доир гардиданд.

Муҳаббат Ӯрунова зимни музокира иброз дошт, ки эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон масъулият ва салоҳияти ҷавононро боз ҳам зиёдтар менамояд. Ӯ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо амалҳои ташаббускоронаи худ хиште дар қасри мӯҳташами истиқлол гузоранд.

Бахтиёр Азизов, донишҷӯи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - чароғи равшангари ҷавонон» маърӯза намуда, зикр дошт, ки дар шароити ҳассоси ҷаҳонишавии тамаддунҳо ҷавононро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо донишу малакаи худ баҳри ободии диёр кӯшиш варзанд.

Исматҷон Ҷумъаев, муовини роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд ҳозиринро бо матни Муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Хуҷанд, ки санаи 31 январ дар мулоқоти  Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо ҷавонон қабул гардида буд, ошно сохт.

Иштирокчиёни ҷаласа Муроҷиатномаро дастгирӣ намуда, қавл доданд, ки бо амалҳои шоиста  барои беҳбудии мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Фирдавс Ҳоҷиев дар баромадаш таъкид дошт, ки соли равон ҷашнҳои миллии 20- солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 25- солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан таҷлил карда мешавад. Ҳамзамон эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон вазифаҳои зиёдеро дар пеши мо мегузорад. Бояд сарҷамъона ин ҷашнҳо таҷлил карда шаванд.

Ба якчанд нафар ҷавонон шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Нисбати кори рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.