Дар доираи таҷлили моҳвораи ҷавонон ва аз рӯйи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи “Тарбияи ҷавонон – сиёсати давлати соҳибихтиёр” вохӯрӣ гзаронида шуд. Вохӯрии мазкур дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “ Муҳаммад Осимӣ” ва ташкилотҳои ибтидоии “Хонаи кӯдакон”, “Нурафзо”, “Дилшинос”, “Кишоварз”, “Муҳоҷир” бо иштироки муовини раиси Кумтаи иҷроияи ҲҲДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва ташвиқотии кумиҷроия Хайринисо Темирова баргузор гардид.