Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 -2022” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ амал мекунад. Бояд гуфт, ки дар мактаби захираи кадрҳо ба шунавандагон беҳтарин донандагони касби хеш дарс меомузанд.

Ин навбат собиқадори ҳизб, Кароматулло Одилов ба шунавандагони мактаби захираи кардҳо оид ба Ваҳдати миллӣ: аз бунёди сулҳ то иқдомҳои байналмилали сухан намуда қайд намуд, ки Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Котиби Генералии замони СММ Кофи Аннан оид ба Ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун дӯсти тоҷикон навишта буд: «Тоҷикистон намунаи хоси ҳалли муноқишаи дохилиро пешниҳод намуд. Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад». Он дарахте, ки Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон 27-июни соли 1997 ба сулҳу ваҳдат табдил додаанд, имрӯзҳо мевахои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.

Сипас шунавандагони мактаби захираи кадрҳо  дарси бузурги роҳбари варзида, раиси собиқадорони ҲХДТ дотсент Шарипов Абдуҳакимро гуш намуда аз нақлҳои ҷолиби устод дарси матонату шуҷоатро омухтанд.

Инчунин шунавандагон   ба суолҳои  худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Бояд қайд намоем, ки дарси навбатии мактаби захираи кадрҳо санаи 7-апрели соли 2022  соати 14:00 дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор мегардад.