Дар доираи таҷлили бошукӯҳи 25- солагии Иҷлосияи  ХУ1  Шӯрои   Олии   Ҷумҳурии    Тоҷикистон субҳи имрӯз раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  бо кормандону аъзоёни фаъоли бозори марказии «Панҷшанбе» мулоқот доир намуд.

Дар баромади мавсуф зикр шуд, ки дар бедорӣ ва худшиносии миллии мо нақши  Иҷлосияи  ХУ1  Шӯрои   Олии   Ҷумҳурии    Тоҷикистон чун анҷумани тақдирсоз саҳми ногузир дорад. Он рамзи баҳамоии тарафҳои муқобил ва таъмини сулҳу суббот дар ҷомеа мебошад. Он масъалаҳое, ки дар рафти Иҷлосия матраҳ шуданд, барои фардои дурахшони кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Вакилон дар интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накарданд. Зеро Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти баркамолу тӯдакаш ҳанӯз дар мақоми вакили парлумон будан миёни ҳамтоёни хеш ном бароварда буданд.

Маҳз ирода, далерию шуҷоатмандӣ, қаноатпешагиву дили бузург доштани Сарвари давлат сабаб шуд, ки мо ба чунин рӯзи фирӯз расидем.

Чанде аз тоҷирони бозор бо қаноатмандӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити хуби корӣ ба давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ва масъулини ҲХДТ изхҳори миннатдорӣ намуданд.