Бо мақсади фаъолгардонии иштироки занон дар пешбурди ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар, ба роҳ мондани тарзи ташаккули ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, пешгирии ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб байни занон санаи 19-уми ноябр дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи шӯъбаи кор бо занони кумуҷроия бо иштироки раисони занони кӯчаҳои Кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр, аз ҷумла кӯчаҳои Эшони Шайдо, Дуредгарон, М.Исмоилов, Д.Аҳмадбеков, Ҳ.Алиев, М.Мирбобоев, К.Хуҷандӣ ва Э.Муҳиддинов мулоқоти корӣ баргузор гардид.

Мудири шӯъба М.Неъматова масъалаҳои болоиро баррасӣ намуда, дар поёни суханаш чунин иброз намуд: Эътимод ва боварии давлату ҳукумат ва роҳбари адолатпешаи он Раиси муаззами ҲХДТ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба занон, тамоми шароиту санадҳоро муҳайё сохта, таваҷҷӯҳи беандозаю ғамхории комил дорад, фаъолияти занонро дар ҷомеаи мутамаддин рӯз ба рӯз густариш дода, нерӯи тоза ба рисолати таърихии модар будан ва ҷомеаро тарбия кардан медиҳад, моро вазифадор менамояд, ки дар роҳи худогоҳиву худшиносӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хеш аз тамоми салоҳияту имкониятҳо истифода намуда, барои комилан амалӣ гардидани ормонҳои ҷомеаи инсонгаро, ки зарурати ҳамешагиро дар маърифати ҳуқуқӣ касб менамояд, саҳмгузор бошем.