Ҳидоятҳои маънавиасоси Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҷавононро  тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст, зеро ҷавонони ободгарони Ватан, соҳиби ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд” аз ҳадафҳои умдаи Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меояд.

Махсусан дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар мақоми  муҳими ҷавононро дар амалӣ намудани нақшаю барномаҳои стратегии рушди ҷомеа хеле назаррас арзёбӣ намуданд.

“Маҳз, ҷавондухтароне мисли  Артикбаева Насибахон ҳастанд, ки бо масъулият ва ҳасси баланди худогоҳӣ, хештаншиеносӣ, ватандустӣ сафи аъзои ҲХДТ-ро зиёд намуда, барои саҳмгузорӣ дар ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ ва ба ин васила баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеъа хизматҳои шоиста ба анҷом мерасонанд,” – мегӯянд дар сӯҳбат Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар.

“Аз  ташабусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам ва ифтихор дорам, ки чунин Сарвари хирадманду фарзона моро пуштибон аст. Аз ин лиҳоз, мехоҳам,  ба ҲХДТ, ки Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, аъзо шавам,”- мегӯяд Насиба Артикбаева.