Бахшида ба 25 – умин солгарди таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 6593 –и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов дар ин чорабинӣ иштирок намуда, ҳамаи сарбозону афсарони қисми ҳарбиро аз номи роҳбарияти ҲХДТ ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Дар охири чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба қисми ҳарбӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.