Хуршедзамири кишвари соҳибистиқлол

Ташрифи хуҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд санаҳои 18-21 октябри соли 2015, шиносоиашон бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳидоятҳои падарона ва мусоидат ба беҳдошти иҷтимоии аҳолӣ дар хотири ҳамагон нақши муниру фаромӯшношуданӣ боқӣ гузошт. Ташрифи навбатӣ ба вилояти Суғди бостонӣ бори дигар собит месозад, ки барномаи асосии сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати масъуду созанда ва бобарор барои имрӯзу фардои дурахшони миллат нигаронида шудааст.

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих, сарнавишт ва давлатдории он халқу миллат пайвандии ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, ҳамчунин барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгон хизматҳои барҷаста намудааст. Вобаста ба корнамоӣ, матонату қаҳрамонии ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик бо забонҳои гуногун асарҳои алоҳидаи илмӣ – оммавӣ ва ёддоштиву адабӣ, ҳамчунин нигоштаҳои зиёд дар васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ба чоп рафтаанд. Аксари ин осору навиштаҳо фаъолияти серпаҳлӯ, ҷанбаҳои алоҳидаи корномаи ин абармарди халқро бо дидгоҳи нав дарбар гирифтаанд. Вале нафаре, ки сарнавишти самандарқисмати миллати тоҷикро медонаду дар паҳлӯи ин шахсияти худодод фаъолият мекунад, заҳмати шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки ҳанӯз на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро ба қалам додаву инъикос карда тавонистаанд. Воқеан, инъикоси симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кардааст, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот додааст, миллатро дар кутохтарин замон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонидааст, тавсифи корнамоии фарзанди миллат, ки ҷон дар кафи даст гурезаҳоро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада Ваҳдат, Субот, Амният овардаву ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор сохта, пояи давлатдориро аз сирф, низоми молияро аз хазинаи холии ба ғоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуда, оби наҷотбахши озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони миллат муттаҳид, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намудааст, кори осон нест. Масъалаи муҳим ва такдирсози ҷомеа барои ҳар роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, ин ба эътидол овардани вазъият мебошад. Зеро таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд. Дар шароите, ки садою нолаи модарон аз ҷонибҳо бо дуо баланд мешаванд, даъват ба сулҳу оромӣ намудан қаҳрамонӣ ва матонати хосаро талаб менамуд. Бале, ин роҳи ягонае буд, ки бо гузаштан аз бисёр манфиатҳо ба даст меомад. Онҳое, ки сулҳ ва созиш кардан намехостанд, теъдодан зиёд буданд. Сарвари ҷавони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ният ва иродаи худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар чунин шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо сари зону нишастан дар назди рамзи озодии миллат – Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддаси худ эълон намуд. Нахустин қонунҳои қабулкардаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба масъалаи ба Ваҳдати миллӣ овардани мардуми Тоҷикистон асос ёфта буданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданаш ба вазифа дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон таъкидан гуфта буд: - Бародарон ва хоҳарони азиз, ҳамватанони мӯҳтарам! Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам. Баъд аз Муроҷиатнома то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба Ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ ба ифтихори ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ва пешвои миллат на танҳо ба қасамаш содиқ буд, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои он ҳар лаҳза ва пайваста кӯшиш намуда, ин вазифаи муқаддаси худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекард. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар он рӯзҳои мудҳиш ба ҳастии миллат ва давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсир дошт, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идораи низоми сиёсӣ ва сохтории давлат буд. Он замон ректори Донишгоҳи сулҳи СММ Мартин Лиз зикр намуда буд: - Иҷлосияи 16- ум қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси Раиси Парлумон ва Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеиро касб кард ва пас аз чанд соли ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ мо дар ин конфронси байналмилалӣ, ки бомувафақият ва дар сатхи олӣ дар Душанбе баргузор шуд, онро ҷашн гирифтем. Муҳим аст, ки сиёсатмадорон ва олимони иштирокчии ин конфронс қайд намуданд: таҷрибаи ҳалли маслиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар даргириҳои нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад. Интихоби роҳи дурусти таърихи рушди давлат ба сӯйи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вазифаи навбатии тақдирсоз барои ҳар миллати дар бунёди давлати хеш камарбаста маҳсуб мешуд. Дуруст муайян намудани ният ва ормони халқ дар кори тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлатӣ, ки муносибат бо мардуми ҷаҳони муосир аз он мазмун мегирад ва нуқтаи ибтидоии ин роҳро низ Сарвари давлат дуруст дарёб намуд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ӯ ба наҷобати халқи азизи худ эҳтиром гузошта, таъкид намуд, ки: «Халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Оқибатҳои ногувори самти иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 90 – уми асри гузашта аз ҷониби Президенти кишвар таҳлил гардиданд ва ҳалли мушкилаҳо барои давлати ҷавони Тоҷикистон бисёр гарону вазнин буд.Ҷиҳати минбаъд ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аз ҷониби Сарвари кишвар ҳадафҳои стратегии мамлакат муайян карда шуда, барои рушди муназзами тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи бузург тарҳрезӣ гаштанд. Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ба даст овардани Истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ бидуни истисно дар таърихи навини Тоҷикистон нақши муассир доштанду доранд. Туфайли татбиқи Стратегияи миллии рушд сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 30 фоиз паст шуда, вазъи иқтисодиву иҷтимоии зиёда аз 2 миллион нафар сокинони кишвар беҳтар гардид. Президенти кишвар аз аввалин рӯзҳои ба маснади сарварии Тоҷикистон омаданаш ба масъалаи эҳёи фарҳанг диққати ҷиддӣ медод. Дар зарфи зиёда аз 20 сол таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои 1000 – солагии «Шоҳнома» - и Абулқосими Фирдавсӣ, 1100 – солагии таъсиси давлати Сомониён, 2700 – солагии «Авесто» ва бузургдошти шахсиятҳои мӯътабари таърихӣ, чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ, ки дар давраҳои гуногун дар ташаккули тамаддун ва давлатсозии мо саҳми арзишманд гузоштаанд бо таҷалло ва шукӯҳи дархӯри шаъну эътибор ва мақому мартабаи таърихиашон таҷлил гардиданд. Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раӣмон ба соҳаи илму маориф диққати аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Чуноне худ зикр намуданд: «Имрӯз дар замони Истиқлолият бояд эҳёи маънавии миллат ва рушди илму маорифро дар ҷойи аввал гузорем, зеро бе ин ҷомеаи мо мустаҳкам ва пешрав нахоҳад шуд.». Ҳамин тавр, агар ба таърихи пурғановату қадимии худ бо дидаи таҳқиқ нигоҳ кунем, ба хулосае омадан мумкин аст: агар Рудакӣ адабиёти порсиро поя гузошта баъд аз Араб онро сари нав зинда карда бошад, агар Исмоили Сомонӣ нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷикро дар паҳнои анъанаи идоракунии қадимаи халқамон бунёд намудаву устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикро боз инкишоф дода, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ намуда, роҳи пуршебу фарози таърихии халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид сохта бошад, Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот, Кохи мӯҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор кард. Низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуд. Дар заминаи ин кӯшишхо ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг, таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам овард. Ӯ шахсест, ки таҳти роҳбарияш ҳам назариявию илман ва ҳам амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ин абармарди миллат расидан, ӯро ҳифз кардану гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаашро идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои Истиқлолият будаву қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст. Мо бо камоли эҳтиром хизматҳои бузургу бебаҳои Сарвари кишварро баҳри рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол арҷ гузошта, ӯро комилан дастгирӣ менамоем, бо меҳнати содиқона стратегияи пешгирифтаи Сарвари кишварро дар амал татбиқ менамоем.

Мубинахон ХОҶАЕВА, дотсент, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи ДДҲБСТ,

Ботурҷон АЛИМОВ, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ