Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Қисми ҳарбии 9829 Раёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ дар вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни гурӯҳи корӣ оид ба тарғиби Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Салимабону Каримова ва доктори илмҳои иқтисодӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии кумиҷроияи шаҳрӣ Абдумавлон Азимов мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ ширкат варзиданд. Зимни ҷамъомад тарғиботчиён роҷеъ ба  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, аз ҷумла дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ,  натиҷаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2016 ва муаррифии афзалиятҳои рушди кишвар дар доираи «Стратегияи миллии  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сухан гуфта, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.