Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҳизб ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз шароити зиндагии оилаҳои ниёзманд раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов бахшида ба 30 –солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳоро бо аъзои оилаҳои мазкур доир намуд ва ба аёдатшудагон маводҳои хӯрока дастрас гардиданд.