Бо мақсади интихоби вакилон ба Конференсияи Х1Х- уми ҳисоботӣ-интихоботии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ки санаи 24 май баргузор мегардад, имрӯзҳо дар аксари кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳр ҷаласаҳо доир мегарданд. Дар рафти ҷаласа раиси кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ аз фаъолияти семоҳинаи кори худ натиҷагирӣ намуда, ҳамзамон вакилонро ба конференсия пешбарӣ менамоянд. Мувофиқи меъёри муайянгардида бояд аз 80 нафар аъзои ҳизб як нафар ҳамчун иштирокчии конференсия пешбарӣ карда шавад, ки ин талабот дар аксари ташкилотҳо риоя карда мешаванд. Чунин ҷаласаҳо дар ташкилоти ибтидоии «Ваҳдат», «Беморхонаи клиникавии рақами 1», «Хонаи кӯдакон», «Маркази Тоҷикстандарт», «Микроҷарроҳии чашм», «Ҷамъияти маъюбони вилояти Суғд», «Раҳим Ҷалил», «Хуҷандобуканал», «Маркази дилшиносии вилоят», «Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд», «Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявии ба номи Абдусаттор Нурматов», «Беморхонаи клиникавии вилоят», «Маркази солимгардонии ИҶБВ», «Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд», «Иттиҳодияи автовокзалҳо», «Ориён», «Муҳаммад Осимӣ», «Таваллудхонаи вилоятӣ», «Инқилоб», «Сино», «Масҷиди Савр» доир гардида, ҳамзамон дар рафти ҷаласа рафти қабул ба сафи ҳизб, пардохти аъзоҳаққӣ, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, масъулияти ҳар як аъзои ҳизб дар баргузории чорабиниҳои сиёсӣ баррасӣ гардиданд.

Бояд қайд кард, ки ҳамаи вакилони ба конференсия пешбаришуда шахсиятҳои фаъолу пешрав дар ҳама ҷода буда, нақше дар пешрафти фаъолияти ҳизбӣ дар коргоҳашон гузоштаанд.

Баргузории ҷаласаҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ идома доранд ва мо онро пайгирӣ хоҳем кард.