Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилотҳои ибтидоии «Дурахшон» ва «Садоқат» вобаста ба тарѓиби Паёми Пешвои миллат мулоқоту вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯриҳо аз ҷониби баромадчиён қайд гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барномаи мукаммали фаъолият нафақат барои як соли оянда балки барои даҳсолаҳои минбаъда низ маҳсуб меёбад.

Паёми имсола давоми мантиқии Паёми солҳои пешин буда, фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии сиёсати минбаъда дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон мебошад.