Яке аз собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, узви фаъол  Санам Отаҷонова ба синни мубораки 63 – солагӣ расид. Ба ин муносибат аҳли  ҳизбиён ва дӯстон барои табрикоти рӯзи мавлуди ин шахс, ки солҳои зиёд фаъолияти мењнатї ва ҷамоатчигӣ дорад, ҷамъ омада дар ҳаққи Отаљонова Санам суханҳои қимматнок арзи баён доштанд.

 Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ин чорабини ширкат варзида, зимни суханронии хеш дар бораи саҳми арзандаи соҳибҷашн дар тарбияи насли навраси ҷавонон, пешбурди соњаи маориф, эњёи њунарњои мардумї, баланд бардоштани наќш ва маќоми зан дар љомеа ёдовар шуданд ва  соҳибҷашнро ба муносибати рӯзи мавлудаш аз номи роҳбарияти ҳизб табрику муборакбод намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба Отаљонова Санам Меҳрнома ва тӯҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро тақдим карданд.