Дар Маркази иммунопрофлактикаи вилояти Суғд бо иштироки кормандони марказ вохӯрии намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ширкат варзида, оид ба фаъолияти ҳизб суханронӣ намуд. Сипас, дар охири вохӯрӣ ба якчанд нафар кормандони марказ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, дар онҷо ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуд.