Бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати андози вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида ҳамаи аъзоёни ҳизбро, ки дар ташкилоти ибтидоии «Андоз пояи давлат» кору фаъолият мебаранд, ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як фарди тоҷик азизу муқаддас ба ҳисоб меравад табрику муборакбод намуд.

Дар хотимаи маҷлиси тантанавӣ аз ҷониби раиси кумиҷроия ба 7 нафар шахсоне, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.