Барои пешрафт ва сулҳу суботи ҷомеа шуури сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони он нақши муҳим доранд, зеро ҷомеаро маҳз онҳо ташаккул медиҳанд.  Вақте, ки Ориён ба Тӯрон боҷ медод, Зардушт ба шоҳи Ориён пешниҳод намуд, ки барои пурзӯр намудани кишвар бояд дини ягона ҷорӣ гардад, маҳз паҳн шудани дини Зардушт дар байни аҳолии ориёӣ онҳоро зери як ғояи саҳеҳ, ки ба як самт сафарбар месозаду манфиати ягонаи ҷомеаро ҳимоя менамояд, мусоидат намуд. Ҷомеае, ки шаҳрвандонаш аз таърихи гузаштаи хеш огаҳ асту муаммоҳои ҷаҳони муосирро дарк намуда, хулосаи дуруст бароварда метавонад, ҳеҷ гоҳ гирифтори нақшаҳои бемаънӣ ва ифротии гурӯҳҳои иртиҷоӣ намегардад. Зеро онҳо зери нишони худ шахсони осебпазирро мегиранд, онҳое, ки маърифати дуруст надошта аз саодати зиндагӣ бехабаранд. Дар зери мавҷи ҷаҳонишавӣ имрӯз дин, фарҳанг, забон, анъана ва дигар унсурҳои ҷомеа бетағйир намемонад. Бахусус, бо восиати интернет, ки дуёнро хеле наздик кардааст ва иттилоот дар як лаҳза фарогири ҷаҳон мегардад, вазъиятро аз қарни гузашта ба куллӣ дигар сохтааст. Дини мубини ислом яке аз динҳои зуд паҳншаванда дар рӯи олам аст, ки ин масоил ташвишовари душманони ин дини воқеан покӣ, таҳаммулпазирӣ ва тавҳидиро ба миён оварда, онҳоро водор месозад, ки барои сиёҳ намуданаш чораҳо андешида ҷомеаро ба роҳи пурпечутоб равона созанд. Гурӯҳҳои террористӣ ва иртиҷоӣ, ки имрӯзҳо аз номи дини мубини ислом баромад намуда, худро ҳомии дин мехонанд, бар акси ҳол аст.  Шахсе, ки даъвои мусалмонӣ мекунад, ӯ бояд бидонад, ки имон чист? Ва ислом чист? Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа мегӯянд, ки «имон иқрор кардан аст ба забон ва устувор доштан аст ба дил, мутобиқ будани амал ва дил низ аз имон аст». Ислом бошад, худро ба шариат супоридан ва амрҳои шариатро иҷро намудан аст. Инсоне, ки имони комил дорад ҳеҷ гоҳ ҷузъи гурӯҳҳои ифротӣ намегардад. Ҳамеша ба ватанаш барои ободиаш хидмат менамояд. Паёмбар Муҳаммад (с) гуфта буданд, ки «Дӯст доштани Ватан аз имон аст», аз ин рӯ,  шахси ватандӯст шахсест, ки имони тавоно дорад. Оне, ки амалҳои номатлубро дар зери идеяҳои ҷоҳилонаи гурӯҳҳои ифротӣ адо месозад, на имон дорад, на ватан. Чи хеле ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, террорист дин, мазҳаб, ватан, миллат надорад. Дар ибтидои асри нав баъди таркиш дар ИМА моҳи сентябри 2001 фаъолияти қувваҳои террористӣ ҷоннок гардида, амалиётҳои гуногуни зидди хаёти осоиштаро ташкил намуданд. Маҳз дар ҳамон замон гурӯҳи террористии «Толибон» хеле фаъол гашта, зуд – зуд амалиётҳои террористиро ташкил намуда, масъулияти ташкили онҳоро бар дӯши худ мегирифтанд то он даме, ки дар ҳудуди давлатҳои Ироқ ва Сурия давлати нави террористии ДИИШ ташкил ёфт. Баъд аз он васоити ахбори умуми ҷаҳон мавқеи асосиро ба ДИИШ доданд ба танқиду маҳкумсозии «Толибон» қариб, ки аз назарҳо нопадид гардид. Аз чунин равиши кори васоити ахбори ҷаҳон хулосае ба даст меояд, ки амалиётҳои террористӣ ва фаъолияти онҳо тарҳрезишуда мебошанд. То он даме, ки дар ҷомеа лидери тавоно, сарвари оқил ҳаст, субот ва сулҳ побарҷост. Муҳтавои сиёсати одилонаи Ҳукумат ва сарвари хирадманди кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти арзишҳои миллӣ, сафарбар намудани нерӯи тавонои ҷавонон ба роҳи ободкорӣ, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намудани ҷавонон мебошад.   Ҳимоя намудани мафкураи ҷомеа аз идеологияҳои ғайр, бегона, ки шуури сиёсии мардумро беҷо намуда суботи кишварро халалдор месозанд, бояд бар зидди ин ҷараёнҳо мубориза бурд ба хотири фардои ободи ватани азизамон аст, ки барои амалишавии ин ҳадаф ҳама бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик  Бобоҷонов Ғ.М.