Чанде пеш тавассути телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ филми мустанади «Хиёнат» ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон имрӯзҳо ин филми аз се қисмат иборатбударо дар ҷомеаҳои меҳнатӣ, ташкилоту муассисаҳо шаҳрвандон тамошо намуда ба таҳиягарон аҳсан мехонанд. Перомуни мазмуну муҳтавои он дар воситаҳои ахбори омма даҳҳо мақола ба табъ расид, чандин муроҷиатномаҳо қабул шуданд ва айни замон ҳам, мардум филми «Хиёнат»-ро тамошо карда, андешаҳои худро бобати мазмуну муҳтавои он баён медоранд.

«Хиёнат» оинаи ҳақиқат намоест, ки дар баробари инъикоси  воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта парда аз рӯи амалҳои зишт, хоиниву ватанфурӯшии як зумра душманони миллату давлат ва ташкилоти террористию экстремстии Ҳизби наҳзати ислом мебардорад. Нишон медиҳад, ки Муҳиддин Кабирӣ ва як гурӯҳ ҳаммаслакони ӯ чӣ гуна инсонҳои нопок ҳастанд, дар самти ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол, қатлу куштори ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ, талаву тороҷи моликияти шахсию давлатӣ ва вайрону валангор намудани садҳо маҳалли аҳолинишин чӣ амали нангинро ба ҷо овардаанд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, вазъи нооромии сайёра, тағйир ёфтани раванди зиндагӣ  бар асари паҳншавии бемории COVID-19 ва арафаи маъракаи муҳими интихоботи Президенти кишвар таҳия гардидану намоиш дода шудани ин филми мустанад икдоми хеле ҷолибу саривақтӣ буда, аз дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизби мо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол қабл, зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар вобаста ба  хатарҳои замони муосир изҳори андеша намуда, аз чумла чунин гуфта буданд:

«Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани   ҳазорҳо   одамони  бегуноҳ  гардида,  зуҳуроти  мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом боло ба таҳдиди  бузурги  ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

 

Бадхоҳони миллат мо ҳанӯз бо дасти гумоштагону зархаридонашон,   яъне   хоинони   миллат,   ки   дар   хориҷа    қарор  доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Зархаридону    хоинони    миллат,    ки    имону    мазҳаби    худро  фурӯхтаанд    ва    тавассути    расонаҳои    хабарии    ташкилкардаи  хоҷагони хориҷии солҳои 90-умашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги  халқи  бостонии  худ туҳмат мебофанд,  бехабаранд, теша бар решаи хеш мезанад. Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем».

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид карданд, ки шиддати ин хатару таьдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам паст нашудааст. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм экстремизм, зуҳуроти ҷинояткорони муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

Дар паноҳи хоҷагони хориҷӣ дину мазҳаб, Ватану миллат ва  падару модари худро фурӯхта, бо роҳи дуррӯғбофию бӯҳтонзанӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бадном сохтани Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнуси  Истаравшанӣ, Шарофиддин Гадоев, Мирзои Салимпур, Cалими Айюбзод ва чандин оқипадарони дигар далели ин гуфтаҳои  Ҷаноби Олист. Ин зумраи хиёнатпеша ба ғайр аз хунрезию зиёнрасонӣ кори дигарро намедонанд, ҳазорон пешравию ободии Тоҷикистон шудаистодаро намебинанд, вале бо мушоҳидаи камбудии кӯчак аз паша фил сохта, ба рӯи олам ҷор мезананд роҳбарияти кишварро ба камфаъолиятию бепарвоӣ муттаҳам карданӣ мешаванд. Таҳиягарони филми «Хиёнат» ин нуқтаи муҳимро бо мисолҳои мушаххас равшан нишон додаанд. Новобаста ба синну соли худ, бинанда ба хубӣ мефаҳмад, ки Кабирию кабириҳо гандумнамои ҷавфурӯш, каждуми зери бӯрё, душмани башарият ҳастанд.

Паҳншавии бемории COVID-19, тавре болотар қайд намудем, маҷрои зиндагиро дар рӯи олам тағйир дод. Ҳатто муқтадиртарин кишварҳои ҷаҳон натавонистанд дар муқрбили он истодагарӣ намоянд. Ин ҳолат водор месозад, ки мардум аз ҳарвақта дида бештар муттаҳид, аҳлу тифоқ бошанд, дар лаҳзаҳои мушкил дасти ҳамдигарро гиранд. Ҳамватанони банангу номуси мо, соҳибкоро муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа истода, муассисаҳои тандурустӣ кормандони соҳаи тиб, шахсони бемор ва табақаҳои ниёзмандро дастгирӣ намуданд.

Сармутахассиси шуъбаи ташкилии

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Исмоил Латипов

 


     Вале Кабирӣ ва думравонаш мушкилоту ғами ба сари халқ омадаро надиданд, ба кассе дасти ёрӣ дароз накарданд. Бо истифода аз хизмати хирсонаи ватанфурӯшони дар Тоҷикистон қарордоштаашон ба гӯршуморӣ дар қабристонҳо, муайян намудани шумораи мурдагон ва тӯҳмату бӯҳтонзанӣ ба давлату Ҳукумат машғул шуданд, ки бори дигар аз дасту дил ва мақсаду нияти нопок доштанашон гувоҳӣ дод. Дар рӯзи ҷанозаи дигарон шодӣ кардан ба онҳо хос аст, чуноне ки дар солҳои 90-уми асри гузашта аҳли ҷомеа худ шоҳиди бевосита буданд.

 Дар филми «Хиёнат» ягон чизи бофтаю хаёлӣ нест. Ҳар cyxaн бо овардани далели қатъӣ, навору аксу ҳуҷҷат ва шаҳодати шоҳидони замон тасдиқи худро меёбад. Падидаи ҷолиб андешаҳои худро нисбат ба Кабирӣ баён доштани ҳамдеҳагон ва хешу табори ҳамсафони собиқаш аст. Ҳар гуфтаи онҳо, нафрат доштану ҳазар карданашон далели равшану раднашавандаест, ки ин симои манфурро бо тамоми зиштиҳояш таҷассум месозад.

 Дар бораи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» соатҳо ҳарф занем, кам аст. Зеро он ба ҳама гуна таъриф арзанда мебошад. Аз ҳама асосиаш дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яроқи ва аслиҳаи тавоно будани филми мазкур аст. Ягон нафар, аз ҷумла худи он палидону ватанфурӯшони пайрави Кабирӣ эрод гирифта наметавонанд, ки фалон лаҳзаи филм аз ҳақиқат дур ё сохт бофта мебошад.

Мубориза  ба  муқобили  терроризму  экстремизм  ва дар  умум ҳамаи падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир дастҷамъӣ ва муттаҳидии  тамоми  аъзои  ҷомеа,   аз  ҷумла  аъзоёну  фаъолон ва алоқамандони   Ҳизби   Халқии  Демократии   Тоҷикистонро   тақозо менамояд. Дар маҷлиси навбатии Кумитаи Маркази  ҲХДТ Раиси  муаззами  ҳизб  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои моро дар  марҳилаи кунунӣ  ба  таври мушаххас нишон доданд. Дар давраи омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода ҳар кадом аъзои ҷомеаро зарур аст, ки аз пештара бештар фаъол ва ҳушёру зирак бошанд. Тамошои филми «Хиёнат» дар самти мазкур, шинохтани дӯсту душман, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳидояти ҳамдигар ба бунёдкорию созандагӣ метавонад ба мо сабаҷи бузург диҳад.

Боварии комил дорем, ки ҳамдиёрони азиз ин нуқтаи муҳимро хуб дарк менамоянд ва роҳ намедиҳанд, ки дар ин марзу буми пок боз Кабириву кабириҳои нав ба камол расанд.