Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии Маркази саломатии 1-и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади идона баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ Адиба Мамадова пеш аз ҳама кормандони марказро бахшида ба ин рӯйдодҳои муҳим табрику муборакбод намуда, доир ба аҳамияти таърихӣ доштани рӯйдодҳои муҳим суханронӣ намуд.

Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов баромад намуда, оид ба дастовардҳои соҳаҳои гуногуни кишвар дар солҳои Истиклолияти давлатӣ ибрози ақида намуд.

Дар охири чорабинӣ як қатор кормандони пешсафи марказ барои саҳмгузорӣ дар пешравии соҳа бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.