Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд, баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо, вохӯриву мулоқот дар маҳаллаҳои шаҳр доир шуда истодааст.

Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ доир гардид, ки дар он масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизб,  сиёсати  ҷавонпарваронаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ  намуда, ҷавононро барои саҳмгузор будан дар татбиқи  сиёсати  хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоӣ карданд.