Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии «М.Осимӣ» бахшида ба 23-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мулоқот миёни донишҷӯён ва намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳр оид ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ ва озмуни «Ҳомиёни Ватан» доир гардид. Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини директор Фаррух Аминов устодону шогирдонро ба муносибати солгарди ин санаи таърихӣ аз номи директори донишкада Дилафрӯз Сангинова табрик намуд. Акмал Нӯъмонов, мудири шӯъбаи омодагӣ ва даъват ба сафи Артиши миллии комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ва Муҳаммадсалим Ҳаитов, мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар бораи дирӯз ва имрӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар маърӯза намуданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар донишҷӯёни фаъол шаҳодатномаи ҳизбӣ аз ҷониби меҳмонон супорида шуд. Сипас донишҷӯён аз рӯи панҷ шарт- саломнома, маҳорати тӯбронӣ дар навъи варзишии баскетбол, сангбардорӣ, муаррифии касби интихобкарда ва саволу ҷавоб байни ҳам рақобат намуданд. Донишҷӯёни факултети сохтмон бо ба даст овардани холи аз ҳама бештар сазовори ҷойи якум гардиданд. Зинаҳои баъдиро донишҷӯёни факултети информатика, энергетика ва муҳандисӣ- технологӣ ба даст оварданд. Ба ғолибон муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10251
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10071
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8198
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7991
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7360
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1222
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1258
-
Конференисияи ғайринавбатии ҳизб2018-06-05 1225
-
Таърихи пайдоишу ташаккули ҷашни Наврӯз2022-03-21 453
-
Тарғиби Паёми Пешвои миллат2020-01-09 977
-
ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ2018-03-03 1379
Меҳмонон