Санаи 1-уми апрели соли равон тибқи мактуби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 28.03.2019 ва супоришу вазифагузориҳои Раиси Қумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири шуъбаи кор бо занон Заррина Манонова ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Ҳусейнхон Охунҷонов ба ташкилоти ибтидоии “Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ” ва Департаменти “Почтаи тоҷик” дар вилояти Суғд ташриф овард.

Мақсад аз ин иқдом бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандон, ташвиқу тарғиби ғоя ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, фаҳмонидани моҳияти фаъолияти хизбӣ ва ҷалби аъзоёни нав ба сафҳои ҳизб буд.

Иштирокчиён суханронии ҳайати кориро бомароқ шуниданд ва ба пурсишҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.