Бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии “Арзи миллӣ” дар назди шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Саҳми ҲХДТ дар рушди иқтисодиёти кишвар” баргузор гардид.

 Дар кори конференсия, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти  Суғд Бахтиёр Исматҷонов, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, директори шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ  дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок карданд.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Наврӯз Валиев дар мавзӯи “Саҳми ҲХДТ дар рушди иқтисодиёти кишвар” маърӯза намуд. Ҳамчунин, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар самти пешбурди фаъолияти корӣ маърӯзаи муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдуҳафиз Исматов шунида шуд.

Муовини раиси кумиҷроияи вилоятӣ Бахтиёр Исматҷонов ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳозиринро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод намуда, баён доштанд, ки ҲХДТ тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлат бо риояи қонунҳои амалкунанда, Оиннома ва барномаи ҳизб ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судманд ба роҳ мондааст.

Дар фарҷоми конференсия дар вазъияти тантанавӣ  ба якчанд фаъолони ҳизб Медали ҷашнӣ ва сипосномаҳои кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд ва ба 20 нафар аъзоёни навинтихобгардида шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.