Бо мақсади тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ мутобиқ ба нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мудири шуъбаи омори кумиҷроия Ғуфронҷон Шарипов фаъолияти ташкилоти ибтидоии Маркази таълимии шаҳри Хуҷандро мавриди санҷиш қарор дод.

Зимни азназаргузаронӣ барои саривақт омода намудани санадҳо, танзими ҳаракати аъзо, пардохти саривактии аъзоҳаққӣ, баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ, ҷалби аъзо, таъсиси гӯшаи иттилоотӣ, омода кардани бастаҳои нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки ҳизбиён дар чорабиниҳои фарҳангӣ – сиёсӣ ба ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии муассиса Шоира Латипова дастурҳои мушаххас дода шуд.

Бо назардошти наздик шудани маъракаи сиёсӣ раиси ташкилоти ибтидоии муассиаи мазкур Мунаввара Дадобоева муваззаф шуд, ки камбудиҳои ҷузъиро бартараф намуда, ҳамкориро бо кумиҷроияи шаҳрӣ қавитар намояд.

Ёдовар мешавем, ки ташкилоти ибтидоии Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд соли 2013 таъсис ёфта,  дар ҳошияи эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолияташро қавитар намуда, ин ҷо асосан бонувон ҳунарҳои миллиро азхуд мекунанд.