Дар ташкилоти ибтидоии “Тавошбахш”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни Наврўзи Аҷам чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғоз раиси ташкилоти ибтидоӣ Дилшод Давлатзода аҳли ҷомеаи меҳнатии беморхонаро ба ҷашни фархундаи Наврўз табрику таҳният гуфта, аз таҷлили байналмилалии иди Наврўз, суннатҳои ин иди аҷдодӣ, ҳафт сину ҳафт шин ёдовар гардид.

Баъдан намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева номаи табрикотии Раиси кумиҷроияи шаҳриро бахшида ба ҷашни Наврўзи Аҷам ба самъи ҳозирин расонид.

Барномаи фарҳангӣ бо садо додани карнаю сурнай ва рақсҳои дилошуб хотири иштирокчиёнро болида гардонид.

Воқеан, ҷашни Наврўз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон маҳсуб мешавад, ки аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башардўстона – дўстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондўстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.