Дар ҳошияи вазифагузориҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавириус  - COVID – 19 гуруҳе аз кормандони кумитаи иҷроияи Ҳизи Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо усули хона ба хона шаҳрвандонро ба риояи гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, риояи фосилавии муошират, бе зарурат ба кӯча набаромадан даъват намуданд.