Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд санаи 16 июни соли 2022 маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳаёт» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баргузор гардид.

 Дар асоси рӯзномаи тасдиқгардида нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи талаботи Оинномаи ҳизб ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ якчанд чорабиниҳои оммавӣ ва сиёсиро доир намуд. Ҳамчунин, ҳисоботдиҳанда доир ба пешравии соҳаи тандурустӣ, алалхусус ба таҷҳизотҳои замони муосир таъмин будани Маркази саратоншиносии вилоят суханронӣ намуда, баён дошт, ки аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, ки дар Марказ фаъолият мебаранд дар амалӣ гадидани сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати хизматрасонии сифатноки тиббӣ, такмили низоми  идоракунии соҳаи тандурустӣ, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаи тиб, саҳми назаррас доранд.

Дар музокира аъзоёни фаъоли ҳизб Абдураззоқ Воҳидов ва Бахтилло Гулов суханронӣ намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳаёт”-ро қаноатбахш ҳисобиданд.

Бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли равон қабул гардида, ҳайати раёсати ташкилоти ибтидоӣ иборат аз 7 нафар тасдиқ гардиданд ва раиси ташкилоти ибтидоӣ директори Марказ Бахтиёр Орифов интихоб шуд.

Доир ба масъалаи дигари рӯзнома бо таклифи аъзоёни ҳизб барои иштирок дар Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд раиси ташкилоти ибтидоӣ пешбарӣ гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар баромади худ оид ба татбиқи ҳадафҳои Барномавию Оинномавии ҲХДТ, амалӣ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки ҳар як аъзои ҲХДТ бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар масъалаи пешкаш намудани вокуниш ва андешаю изҳорот доир ба маводҳои танқидию ғаразнок, ки аз ҷониби хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода мешавад, фаъол бошанд.

Аз ҳар як аъзои ҳизб, ки дар қайди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қарор доранд, даъват ба амал оварда шуд, ки  дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ фаъолона ширкат карда, ҷиҳати ободу шукуфон намудани маҳал ва шаҳру вилоят саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар охир аз ҷониби раиси Кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ ба чанде аз фаъолони ҳизб Сипоснома ва туҳфаи кумиҷроияи шаҳрӣ супорида шуда, шаҳодатномаи ҳизбии 10 нафар аъзои нав дода шуд.