Бо мақсади тарбия намудани хонандагон дар руҳияи далерӣ, шуҷоатмандӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ, шинос намудани толибилмон ба таърихи ҶБВ ва арҷгузорию эҳтиром ба он нафароне, ки баҳри пойдории сулҳу озодӣ, бахту саодат синаи худро сипар кардаанд, бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”-и кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд имрӯз дар майдони ситораҳои Хуҷанд озмуни расмкашӣ дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар рӯи асфалт баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур раиси кумиҷроия Наим Маликисломов қайд кард, ки ҳоло, ки мо Иди бузурги Ғалабаро таҷлил дорем, хоҳу нохоҳ саҳифаҳои таърихии ин ҷанги даҳшатнок пеши назар меояд. Ҷанги 2-юми ҷаҳон ба мардуми Аврупо ва олам ранҷу азоби беандоза оварда, яке аз фоҷеаҳои бузургтарин дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад. Оқибати ин ҷанги таҳмилӣ қариб, ки ба ҳар як хонадони тоҷик доғ овард. Беҳтарин родмардони Ватан ҷони худро дар майдонҳои набард бохтанд. Онҳое ки қаҳрамонона ба Ватан баргаштанд, дар соҳоти гуногун чун фаъол ва пешбар корбарӣ намуданд. Заҳмату кӯшишҳо ва аҳду паймонҳои халқҳои бародарии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки моро ба Ғалабаи деринтизор расонд. Имрӯз мо бояд ба қадри сулҳу оромии Ватани маҳбубамон расем, ва сари таъзим фуруд орем, назди онҳое, ки дар ҳифзи Ватан ҷонбозиҳо намуда, бо меҳнати софдилона Тоҷикистонро ба як гӯшаи биҳишосо табдил додаанд. Сипас наздик ба 70 нафар толибимони мактабҳои шаҳр дар рӯи асфалт бо мусаввираҳои дилошӯби худ хотири тамошобинонро шод намуданд. Аён буд, ки хонандагон аз таърихи миллати куҳанбунёди худ тасаввуроти беш доранд. Онҳо бо як маҳорати хосса расми модари деринтизор, афсари гумгашта, лаҳзаи ғалаба дар рейхстаги Олмон, рамзи ғалабаро мунакис намуданд. Дар ҷамъбаст ғолибон – дастаи гимназияи №4 соҳиби ҷои аввал, зинаҳои баъдиро хонандангони МТМУ № 6 ва №9 ишғол намуданд. Ҳамчунин Абдуллоева Дилноза аз МТМУ №10 бо дипломи дараҷаи 1, Усмонова Дилбархон аз МТМУ №5 бо дипломи дараҷаи 2 ва Содиқова Афроза аз МТМУ №7 бо дипломи дараҷаи 3 сарфароз гардонида шуданд. Дар ҷамъбаст ба ҳамаи иштирокчиён Раиси кумиҷроия дар вазъияти тантанавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Бо ҳамин чорабинӣ ҳусни хотима ёфт.