Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми имрўзҳо дар аксари ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои мухталиф доир гардида истодаанд. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, завқи зебопарастӣ рўҳ ба ассорати миллӣ ва баланд бардоштани дониш ва малакаи ахли ҷомеа маъсуб меёбад. Дар ҳошияи ин иқдоми созандаи раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқ ба нақша чорабини Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд силсила вохўриҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ доир шуда истодаанд . Чунон, чӣ дар ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатии шаҳри №2» шаҳри Хуҷанд  бо иштироки муовини раис Ўрунбоева М,  мудири шўъбаи кор бо занони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Манонова З. ва ҳунарманд  Ҳакимова М.  бо кормандони соҳаи тиб  дар мавзўи «Ҳунар омўз ки аз ҳунармандӣ» вохўри гузаронида шуд.

Чорабини бо сухании ифтитоҳии М. Ўрунбоева оғоз гардид.  Мавсуф дар баромадаш зикр дошт, ки яке аз василаҳои муалифи шоистаи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳёи ҳунарҳои милли ва тақвият бахшидани марказҳои омўзиши мебошад. Ҳоло дар вилоят наздикии 300 марказу маҳфилҳо барои омўзонидани ҳунарҳои миллӣ фаъолият мебаранд. Ҳадафи ҲХДТ низ таъмини зиндагии шоистаи мардум бо фароҳам овардани ҷойҳои нави кори ва мусоидат дар ҳалли рўзгори ичтимоии мардум.

Зимни суханронии Заррина Манонова қайд шуд, ки  ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дорой, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида ўро болидарух мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб. Шахси бохунар дарёеро мемонад, ки онро хар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Ҳакимова Мавҷуда дар баромади худ аз дастгириву таваҷўҳи роҳбарияти олии давлат ёдоваршуда афзуд, ки ба шарофати чунин таваҷўҳ  қадр ва манзалатиҳунар ва ҳунарманд боло рафта маҳсули дастранҷи ў харидори бештар пайдо намудааст.