Вобаста ба омӯзишу мавриди амал қарор додани нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба соҳаи маориф дар Кумитаи иҷроияи ҳизбии «Инқилоб» бо иштироки раиси кумиҷроияи ибтидоӣ, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон н.и.и., дотсент Ҳомид Ҳошимзода мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар муовинони директор, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуда, вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, хусусан ба соҳаи таълиму тарбия, этибори ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Директори Донишкада дотсент Ҳомид Ҳошимзода мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, оид ба корбарии ҷиддӣ ҷиҳати татбиқи амалии нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, илм ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ибрози андеша намуд.

Муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Гулчеҳра Аҳророва оид ба корҳову нақшаҳои муассиса вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии донишҷӯён андешаронӣ намуда, натиҷаҳоро дар ин самт мусбат арзёбӣ намуд.

Муовини директор оид ба таълим н.и.и., дотсент Машокиров Ш.У. перомуни сатҳу сифати таълим, таҳияи босифати барномаву стратегияи таълим, сифатнокии маводи таълимӣ ва таҳияи нақшаҳои дурнамову рушди кафедраю факултетҳо мухтасаран ибрози андеша карда, дар маҷмӯъ ҳадафи асосии таълимро дар Донишкада, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати он ва рушди малакаи касбии устодону ҷаҳонбинии донишҷӯён арзёбӣ намуд.

Муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Мирпочоев Д. дар мизи мудаввар суханронӣ карда, оид ба роҳандозии босамари алоқаи илм бо истеҳсолот, равнақи сатҳу сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, истифодаи амалии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат зимни таҳияи корҳои илмии магистрантону донишҷӯён ва умуман, пешбурди корҳои илмӣ дар муассиса маълумот дод. Ҳамзамон, зикр гардид, ки бо ҳамин мақсад дар Донишкада маҷаллаи илмии «Паёми ДИС ДДТТ» таъсис гардид, ки ҳадаф аз роҳандозии он мусоидат ҷиҳати рушди корҳои илмии устодону унвонҷӯён ва докторантону магистрантон буда, дар оянда ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани он мебошад.

Ҳамин тариқ, мизи мудаввар дар фазои озоду ҳусни тафоҳум баргузор гардида, бо натиҷагирӣ аз маърузаҳои шунидашуда, ба анҷом расид