Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд оиди пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани солҳои    2019 – 2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  бо занону духтарони ташкилоти ибтидоии Маркази саломатии №2 бо иштироки мутахассиси атласу адрасбофии дасти Ҳакимова Мавҷуда вохӯрӣ баргузор намуд.

    Ҳамзамон ҳунарманд Ҳакимова Мавҷуда дар вохӯрӣ иброз намуд, ки ҳунари дасти ба инсон завқи бадеиро ташккул дода, таҳаммулу тозакориро табия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад.

    Шахси ҳунарманд офаранда – эҷодкор аст, зеро ҷустуҷӯ ва талошҳои ӯ ҳатман чизи наверо тавлид намуда, пайғоми тозаеро аз домани ҳунари дирӯз ба имрӯзиёну фардоиён мерасонад.