Ин навбат гурӯҳи кории тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқот оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Равоншинос” дар назди Маркази равонпизишкии вилояти Суғд, “Ҳифзи саломатӣ” дар МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд, “Ӯғулой Шамсиддинова” дар назди таваллудхонаи вилояти Суғд ва “Хонаи пиронсолон”  гузаронида шуд.

Дар мулоқот кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва аъзои фаъоли гурӯҳи таблиғотии кумиҷроияи шаҳр Абдумавлон Азимов нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳ дода, зикр намуд, Пешвои муаззами миллат барои боз ҳам беҳбудии рӯзгор  ва ҳаёти осудаи мардум чораҳои зарурӣ андешида, баҳри зиндагии шоистаи сокинони кишвар ва барои пешрафту тараққиёти  Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саъю талош доранд, то ки хоинони бурунмарзӣ ба тинҷию оромии кишвари азизамон халал нарасонанд. Таъкид гардид, ки мо мардуми шарифи тоҷик ба ин ғамхориҳои Пешвои миллатамон дучанд меҳнат намуда, кӯшиш намоем, баҳри боз ҳам гул-гул шукуфоии давлатамон саҳми арзандаи хешро гузошта бошем.

Дар фарҷоми мулоқот иштирокчиён фикру андешаҳои худро бобати Паёми имсолаи Пешвои миллат баён намуданд.