Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир ба қабулгоҳи ҷамъиятии шаҳрвандон ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар кумиҷроия бо иштироки аъзоёни кумиҷроия, фаъолон ва вакилони халқ рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор мегардад. Санаи 17-уми октябр низ бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва аз ҳавзаи интихоботии 1 Май-№21 Фазлиддин Шарипов қабулгоҳи ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он ду нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд муроҷиати шаҳрвандонро ба инобат гирифта, оид ба ҳали мушкилоташон чораҷӯӣ менамояд.