Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳошияи дастуру супоришоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27 майи соли 2016 ироа гардиданд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар чойхонаи «Ниёздегча»-и кумитаи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд байни бошандагони маҳалали мазкур мусобиқаи «Шоҳмот»-ро баргузор намуд.

Дар мусобиқа шахсони калонсол, миёнасол ва ҷавонон ширкат варзида, маҳорати худро нишон доданд.

Дар охир ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки чунин мусобиқа ҳар ҳафта дар чойхонаҳои дигар кумитаи маҳаллаҳо низ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир карда мешавад.