Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори факултети сохтмон ва меъмории Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо устодоти факултет вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарѓиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Хайринисо Темирова ширкат варзида, зимни баромад қайд намуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 23 декабри соли 2022 доир гардид, ҳамчун санади муҳими барномавӣ ифода шуда, сармашқи кори тамоми халқи мамлакат арзёбӣ мегардад.